Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон кормандони милисаро латукӯб карданд


Дар шимоли Қирғизистон дар бархӯрд бо эътирозгарон 19 тан аз кормандони милитсия осеб диданд. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, бархӯрд баъди он ба вуқуъ пайваст, ки сокинони деҳаи Боо-Терек ноҳияи Бакай-Отин ба нишони эътироз алайҳи фаъолияти ширкати қазоқии “Олтин Кумуштак Майнинг” роҳи мошингари Талас-Тирозро бастанд.

Талоши кормандони милиса барои озод кардани роҳ ба задухӯрд печид. Роҳ то ҳол баста аст, аз ду тараф дасти кам 200 мошин дармондаанд.

Барои музокирот бо ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ нахуствазири тозаинтихоби Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев ва муовини вазири умури дохила Холиқбек Сотиболдиев ба ҷойи ҳодиса рафтанд.
XS
SM
MD
LG