Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси мубориза бо ҳероин миёни Тоҷикистон ва Амрико


Дар ҷараёни дидори Рустам Назаров, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон бо Кэрел Пэрес, муовини аввали ёвари котиботи Идораи назорат бар маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ИМА(INL), ки рӯзи 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, масоили марбут ба дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4 апрел зимни тасдиқи ин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар ин дидор генерал Назаров меҳмони амрикоиро ба фаъолияти Оҷонсӣ ва вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, таҳаввулоти густариши он ва пайдоиши намудҳои нави маводи мухаддир дар қамларави Тоҷикистон ошно кард.»

Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ ҷонибҳо ҳамкориҳо дар заминаи муҷаҳҳазсозии фаннии Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир ва омодасозии кадрҳо барои ин ниҳодро баррасӣ карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки шӯъбаҳои Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб бо ҳимояти ҳукумати ИМА ташкил карда шудаанд ва аз тариқи барномаҳои Амрико оҷонсӣ бо техникаи зарурӣ, таҷҳизот, нақлиёт таъмин карда мешавад.
XS
SM
MD
LG