Пайвандҳои дастрасӣ

Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо ширкат мекунанд


Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо ширкат меварзад.

Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 5-6-уми апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор мешавад, писарону духтарони солҳои таваллудашон 1997-1999 аз беш аз 20 кишвар иштирок хоҳанд кард. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ичунин ҳукумати вилояти Твер баргузор мешавад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 15 дзюдочии наврас ва се мураббӣ аз макотиби варзишӣ ва бошгоҳҳои Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъиятҳои тоҷикони Твер ва Иркутск дохиланд. Дар ин мусобиқа, бахусус, аз ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2013 ва Ҷоми Аврупо-2014 умедҳои зиёд карда мешавад.
Баъди анҷоми мусобиқот гуштигирони наврас дар ҷамъомади серӯзаи таълимиву тамринӣ, ки аз 7-ум то 9-уми апрел дар Твер барпо мегардад, иштирок мекунанд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, Бузургмеҳр Иронов, паҳлавони навраси тоҷик, соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо, ки панҷ сол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов моҳи марти соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар Туркия медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 килограмм бар Камол Каитов аз Русия ва Шамили Гоготчури аз Гурҷистон ғолиб омад, вале дар нимфинал аз Аҳмад Юлдирим аз Туркия мағлуб шуд. Темур барои ҷойи севум бар Давити Размадзеи гурҷӣ ғалаба кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
XS
SM
MD
LG