Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наливайченко: Барои тирандозӣ Янукович амр дода буд


Валентин Наливайченко
Валентин Наливайченко
Раиси Шӯрои амнияти Украина Валентин Наливайченко масъулияти ҳалокати одамон ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дар маркази Киевро бар дӯши раисиҷумҳури вақт Виктор Янукович гузошт. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, дар куштори эътирозгарон раиси пешини Шӯрои амнияти Украина Александр Якименко ва собиқ вазири умури дохилӣ Виталий Захарченкоро ҳам айбдор кард.

Ба гуфтаи Наливайченко, Додситонии кулл дар бораи боздошт ва додгоҳ эҳзор кардани Янукович ва Якименко дастур додааст.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки 12 тан аз аъзои гурӯҳи зудамали милиса “Беркут” бо гумони даст доштан дар ҳалокати фаъолони Майдон дар Киев боздошт шуданд.

Муфаттишон дар ҷараёни тафтиши ҳаводиси рӯзҳои 18-20 феврал тақрибан 30 ҳазор кормандони милисаро бозпурсӣ карданд. Бар асари нооромиҳо дар Киев, ба иттилои вазорати ҳифзи сиҳати Украина, 103 нафар кушта шуда, беш аз якуним ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. 166 нафар то ҳол беному нишонанд.
XS
SM
MD
LG