Пайвандҳои дастрасӣ

Дариға Назарбоева муовини раиси Маҷлиси Қазоқистон шуд


Дариға Назарбоева

Дариға Назарбоева

Дариға Назарбоева, духтари бузурги раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, муовини раиси Маҷлис, палатаи поёни парлумон, интихоб шуд. Рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, вакилон бо як овоз аз Дареға Назарбоева, номзади ҳизби ҳокими Нур-отан ҷонибдорӣ карданд. Дигар аъзои ҳизби ҳоким Ҳабибуло Жакипов рӯзи 3 апрел ба курсии раиси парлумон нишаст. Раиси пешини парлумон Нурлан Неъматулин раиси дафтари раисиҷумҳур таъин шуд.

Тағйирот дар парлумон ва ҳукумати Қазоқистон баъд аз истеъфои ғайриинтизори нахуствазир Серик Аҳмадов ба амал омад. Серик Аҳмадов вазири дифоъи Қазоқистон таъин гардид ва ба курсии ӯ Карим Масимов соҳиб шуд, ки қаблан ҳам чандин сол раҳбарии кобинаи вазиронро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG