Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Русия дар Душанбе ба муроҷиати ҷамъияти русзабонҳои Хатлон оид ба "тартиб" овардани вазъи Украина, вокуниш кард.

Сафорати Русия дар Душанбе дар вокуниш ба муроҷиати Ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон дар заминаи ҳаводиси Украина гуфт, ки ин номаро чун мавқеи як бахши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон арзёбӣ мекунад. Дар посух ба муроҷиати радиои Озодӣ, дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки пахши чунин муроҷиат баёнгари пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.

Дар идома таъкид мешавад, ки пуштибонии худро аз мавқеи Русия дар нисбати Украина "на танҳо ҳамватанони руси мо, балки бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам баён мекунанд". Сафорат мегӯяд, ки аз мавқеи президенти Русия Владимир Путин дар робита бо натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар минтақаи Қрим "бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам" ҳамфикрии худро баён кардаанд.

Рӯзи ҷумъа, 4 апрел дар сомонаи интернетии сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин матни муроҷиати созмоне бо исми Иттифоқи ҷавонони ҳамватанони россиягии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд. Дар ин нома ҳодисаҳои Украина ба рӯйдодҳои солҳои 1990-уми Тоҷикистон шабоҳат дода шуда, орзуи он мешавад, ки рӯзе се кишвари славянии Русия, Украина ва Белорус муттаҳид мешаванд.




Номаи русзабонҳои Хатлон


Ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон аз тасарруфи Қрим аз ҷониби Русия пуштибонӣ ва аз мақомоти Маскав даъват кардаанд, ки тартибу низомро дар Украина барқарор кунанд.


Ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон аз пайвастани Қрим ба Русия истиқбол карда, гуфтаанд, онҳо мухолифи ҷанг дар Украинаанд. Дар муроҷиатномаи рустаборони ҷануби Тоҷикистон, бо имзои роҳбари Маркази фарҳангиву омӯзишии рустаборон Люмила Хоҷаева, ки рӯзи 3-уми апрел дар торнамои сафорати Русия дар Тоҷикистон нашр шуд, гуфта мешавад, рустаборон сиёсати пешгирифтаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар арсаи байналмилалӣ ва дохили Русияро пурра дастгирӣ мекунанд.

Людмила Хоҷаева ин муроҷиатномаро рӯзи панҷшанбеи 31-уми март ба сафири Русия дар Тоҷикистон ирсол дошта, аз Игор Лякин-Фролов дархост кардааст, нигаронии аҳолии русзабони вилояти Хатлонро аз сарнавишти шаҳрвандони оддии Украина ва қабл аз ҳама собиқадорони ҷанг ва меҳнатро, ки гӯё аз сӯи тундгароёни ҷавон дучори хушунат шудаанд, ба ҳукумати Русия расонад.
Дар идомаи ин муроҷиатномаи рустаборони Тоҷикистон мехонем, ки «мо аз тақдири сокинони оддии Украина, ки зери таҳқиру тааддии ҷавонони ифротгаро мондаанд, нигаронем. Инчунин қарори Русияро дар мавриди ҳамроҳ кардани Қрим ва шаҳри Севастопол саривақтӣ ва дуруст мешуморем.»

Дар идомаи ин нома рустаборони Тоҷикистон бо таъкиди он ки як ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хостори ҳарчи зудтар барқарор кардани сулҳу оромӣ дар Украина шуда, аз сафорати Русия дархост кардаанд, ки ин назари эшонро ба ҳукумати Русия расонанд.
Люмила Хоҷаева

Люмила Хоҷаева

Люмила Хоҷаева дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ нашри ин муроҷиатномаро як нишони ҳамраъйии рустаборони Тоҷикистону Украина хонд. Вале ӯ аз шарҳи бештари ин муроҷиатнома худдорӣ варзид: «Мо ҳеҷ ягон шарҳе дар мавриди ин муроҷиатнома доданӣ нестем. Ҳамаи фикрамонро мо дар он муроҷиатнома баён кардем. Барои шарҳ ба сафорат муроҷиат кунед.»

Нашри нома бо пуштибонии рустаборони вилояти Хатлон аз тасарруфи Қрим аз сӯи Русия дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон мекӯшанд назари хешро дар нисбати ҳаводиси Украина кушоду равшан баён накунанд ва аз ҷумла ахиран намояндаи Тоҷикистон дар раъйдиҳии қатъномаи Маҷмаи умумии СММ, ки раъйпурсии Қрим бо талаби пайвастанаш ба Русияро ғайриқонунӣ эълон кард, умуман ширкат накард.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин гуна муроҷиатномаҳои алоҳида аз номи ҷамъиятҳо ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хатар дорад. Саймиддин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии «Индем» мегӯяд: «Баъд аз қабули ин гуна муроҷиатномаҳо мо шоҳиди он хоҳем буд, ки ташкилотҳои ҷамъиятии рӯ ба Русияи Тоҷикистон фаъол хоҳанд шуд. Чунки Русия бо ҳаводиси Қрим ба онҳо паём дод, ки омода аст, аз ин гуна ташкилотҳои «колоннаи панҷум» дар батни кишварҳои соҳибистиқлол истифода кунад. Русия аз ин гуна ташкилотҳо ҳатман истифода хоҳад бурд.»

Муроҷиатномаи рустаборони Хатлон

Муроҷиатномаи рустаборони Хатлон

Аммо бархеи дигар чунин муроҷиатномаро як амали башардӯстона ва нишон додани ҳамраъйӣ ба ҳамзабонони хеш медонанд. Исмоил Талбаков, вакили порлумони Тоҷикистон аз ҳизби коммунист мегӯяд: «Онҳо танҳо нуқтаи назари хешро баён доштаанд дар ин маврид. Гузашта аз ин таърихан ҳам Қрим ҷузъе аз Русия буд. Ин ба истиқлолияти мо ягон хатар надорад. Масалан мо ҳам вақте ки нисбат ба ягон тоҷик дар хориҷ беадолатӣ сурат бигирад, садо баланд мекунем- ку. Агарчанд вай шаҳрванди кишвари дигар ҳам бошад?!».

Созмони ҷамъиятии Маркази фарҳангӣ ва таълимии русзабонҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон беш аз се ҳазор нафарро дар бар мегирад ва хонум Людмила Хоҷаева ин муроҷиатро аз номи ҳамаи аъзои ин ҷаамъият ба Владимир Путин ирсол кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG