Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбоздухтарони тоҷик дар ду бозӣ бар тимҳои Бутан бо ҳисоби 3:0 ва Шри-Ланка бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар се бозӣ аз тимҳои Эрон бо ҳисоби 0:6, Ҳиндустон бо ҳисоби 1:8 ва Непал бо ҳисоби 0:2 мағлуб гаштанд.

Ин мусобиқа дар пойтахти Шри-Ланка – Коломбо - бо ширкати 6 дастаи мунтахаб баргузор шуда буд.

Дастаҳои мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон, бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов сар аз соли 2012 дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони синашон то 14 -16 ва 19-сола ширкат меварзанд.

Чунончи, мунтахаби Тоҷикистон авохири моҳи марти соли равон дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё байни духтарони синашон то 14-сола бо шаш имтиёз мақоми чаҳорумро касб кард.
Дар ин мусобиқа мунтахаби Непал, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз шуд, бо 15 имтиёз ғолиби мусобиқаи минтақавӣ гардид. Дастаи Ҳиндустон бо 12 имтиёз дувум шуд. Тими Эрон бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол), ки рӯзҳои 25-26-уми марти соли ҷорӣ бо як сафари корӣ ба Душанбе омада буд, аз ширкати мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон байни духтарони синашон то 14-сола дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё истиқбол кард.

Баъди бозгашти мунтахаби Тоҷикистон аз Шри-Ланка хабарнигорони Радиои Озодӣ дар тамрингоҳи даста – майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе - бо сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов, капитани дастаи мунтахаби духтарони 14-солаи кишвар Муниса Мирзоева, инчунин бо узви дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон Мадина Фозилова, беҳтарин футболбоззани тоҷик дар солҳои 2011 ва 2013, сӯҳбат карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG