Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Бурятистон


Азамат Сӯфиев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод барои ҷавоизи сарвари Ҷумҳурии Бурятистон дар Улан-Удэ медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 19-ум баргузор шуд, сар аз соли 2004 ба тақвими Федератсияи байналмилалии гуштӣ (FILA) дохил аст ва дорои мақоми байналмилалии дараҷаи «А» мебошад.

Дар ин мусобиқа беш аз 130 гуштигир аз 11 кишвар ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Николай Ноев (61 кг), Сомиршо Воҳидов (74 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Салим Хоҷаев (86 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг) ва Шодӣ Баҳромов (125 кг) дохил буданд. Аз байни онҳо танҳо Азамат Сӯфиев натиҷаи хуб нишон дода, мақоми севумро касб кард.

Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 2000-долларӣ, барои ҷойҳои дувум – 1000-долларӣ, барои ҷойҳои севум – 500-долларӣ супурда шуд.

Рӯйхати ғолибону ҷоизадорони мусобиқа

Вазни то 57 кг
1. Омак СЮРЮН (Русия, Новосибирск).
2. Виктор РАССАДИН (Русия, Саха-Ёқутистон).
3. Дондук-Оол Хуреш-Оол (Русия, Тува).
3. Содномдаш БАТБОЛД (Муғулистон).

Вазни то 61 кг
1. Александр БОГОМОЕВ (Русия, Бурятистон).
2. Булат БАТОЕВ (Русия, Бурятистон ).
3. Виктор БАНЗАРАКСАЕВ (Русия, Бурятистон).
3. Вячеслав ЕФРЕМОВ (Русия, Саха-Ёқутистон).

Вазни то 65 кг
1. Аҳмад ЧАКАЕВ (Русия, Доғистон).
2. Менги МОРТУЙ-ООЛ (Русия, Кемерово).
3. Улан НОДИРБЕК УУЛУ (Қирғизистон).
3. Иван ФИЛИППОВ (Русия, Красноярск).

Вазни то 70 кг
1. Буянжав БАТЗОРИГ (Муғулистон).
2. Арсалан БУДОЖАПОВ (Русия, Бурятистон).
3. Гантулга ИДЭРХУУ (Муғулистон).
3. Эламан ДОНГУРБЕК УУЛУ (Қирғизистон).

Вазни то 74 кг
1. Исо ДОВУДОВ (Русия, Красноярск)
2. Иннокентий ИННОКЕНТЕВ (Қирғизистон).
3. Азамат СӮФИЕВ (Тоҷикистон).
3. Артур ХУТСИСТОВ (Русия, Кемерово).

Вазни то 86 кг
1. Алберт САРИТОВ (Русия, Доғистон).
2. Умар МАГОМЕДОВ (Беларус).
3. Магомед ЗУБАИРОВ (Русия, Маскав).
3. Артур АЛБОРОВ (Русия, Маскав).

Вазни то 97 кг
1. Магомед МӮСОЕВ (Қирғизистон)
2. Семён СЕМЁНОВ (Қазоқистон).
3. Карапет АРУТЮНЯН (Русия, Красноярск).
3. Ҳоҷӣ АЛИҶОНОВ (Озарбойҷон).

Вазни то 125 кг
1. Юрий БЕЛОНОВСКИЙ (Русия, Красноярск).
2. Балдан ТСИЖИПОВ (Русия, Бурятистон).
3. Сергей СМЕРТЕВ (Русия, Кемерово).
3. Золбоо НАТСАГСУРЕН (Муғулистон).
XS
SM
MD
LG