Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Нерӯҳои Русия ба қароргоҳҳо бармегарданд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, изҳор намуд, ки мақомоти Украина бояд ба раванди ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар ҳама нерӯҳо ва минтақаҳоро ҷалб кунанд. "Мо барои он пойфишорӣ хоҳем кард, ки мақомоти феълии Украина рушод ва софдилона ҳама нерӯҳои сиёсӣ ва ҳама минтақаҳоро барои ширкат дар раванди конститутсионӣ даъват кунанд", изҳор намуд ӯ дар нишасти хабарӣ дар Маскав, ки ба авзоъ дар Укрина бахшида шуд. . .

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, низомиёне, ки дар тамринҳо дар вилояти Ростов ширкат доштанд, ба қароргоҳҳои худ бармегарданд. Ба гуфтаи Лавров, аллакай як баталён ба қароргоҳи худ баргаштааст ва дигар ҷузъу томҳои артиш ҳам баъд аз анҷоми вазифаҳояшон тамрингоҳҳоро тарк хоҳанд кард. Ҳамзамон ӯ аз хабарнигорон хост, ки ин мавзӯъро бузург накунанд, тавре, ки мақомоти феълии Украина ва пуштибонҳояшон дар Ғарб кардаанд.

Сергей Лавров афзуд, НАТО бояд ба суоле посух гӯяд, ки афзоиши ҳузуру нерӯи Паймон дар Аврупо то куҷо мутобиқ ба созишҳои ҳосилшуда аст. Рӯзи чаҳоршанбе генерал Филипп Бридлав, фармондеҳи нерӯҳои муттаҳидаи НАТО дар Аврупо, изҳор намуд, ки Паймон ягон шаҳодати ба қароргоҳҳо баргаштани артиши Русияро надорад ва аз ин рӯ авзоъ дар марзҳои Русия ва Украина нигаронкунанда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG