Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 12 узви "Беркут" бо гумони куштори эътирозгарон


Дар Украина дувоздаҳ тан аз аъзои гурӯҳи зудамали милиса “Беркут” бо гумони даст доштан дар ҳалокати фаъолони Майдон дар Киев рӯзи 20 феврал боздошт шуданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, кафили Додситонии кулли Украина Олег Махнитский хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудаҳо аъзои “ротаи сиёҳ”-анд, ки ба онҳо барои пуштибонӣ аз кормандони бесилоҳи “Беркут” силоҳ, аз ҷумла, туфанги мерганӣ, дода буданд.

Олег Махнитский афзуд, ки теъдоди боздоштшудаҳо шояд афзоиш ёбад. Миёни боздоштшудаҳо фармондеҳи гурӯҳе низ ҳаст, ки ҳадс зада мешавад зердастонаш сӯи эътирозгарон оташ кушодаанд.

Ба иттилои Додситонии кулли Украина, амри истифода аз силоҳ аз сӯи раисиҷумҳур Виктор Янукович тавассути кормандони дафтари раёсатҷумҳурӣ, хадамоти амният ва вазорати умури дохила ироа шудааст.

Муфаттишон дар ҷараёни тафтиши ҳаводиси рӯзҳои 18-20 феврал тақрибан 30 ҳазор кормандони милисаро бозпурсӣ карданд. Бар асари нооромиҳо дар Киев, ба иттилои вазорати ҳифзи сиҳати Украина, 103 нафар кушта шуда, беш аз якуним ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. 166 нафар то ҳол беному нишонанд.
XS
SM
MD
LG