Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


Таркиш дар ин мавзеъ рӯй додааст
Таркиш дар ин мавзеъ рӯй додааст
Дар Исломобод рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, дар роҳи корвони мошинҳои раисиҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳодиса ба сиёсатмадор осебе нарасидааст.

Бомб дар канори роҳе ҷойгузорӣ шуда буд, ки аз он мошинҳо аз бемористони низомӣ сӯи манзили Парвиз Мушарраф дар канори пойтахти Покистон ҳаракат мекард.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Полис ин таркишро чун талоши сӯиқасд ба ҷони Мушарраф арзёбӣ мекунад.

Раҳбари пешини Покистон аз моҳи январ ба ин сӯ дар бемористон зери назорати табибон қарор дошт. Рӯзи душанбе ӯ расман дар хиёнат ба давлат айбдор шуд. Додгоҳи вижа Парвиз Мушарраф дар он айбдор мехонад, ки ҳангоми бенизомиҳо дар Покистон дар моҳи ноябри соли 2007 иҷрои Қонуни асосиро муттафақиф кард ва дар сартосари кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ намуд. Бар пояи иттиҳоми дигар, ӯ дар қатли нахуствазири пешин Беназир Бҳутто даст дорад. Аммо Парвиз Мушарраф ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG