Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус муҳоҷирони тоҷикро бо кор таъмин мекунад


Порлумони Беларус рӯзи 2-уми апрел тарҳи қонун дар бораи тасвиби қарордод бо Тоҷикистонро, ки бар пояи он шаҳрвандони ду кишвар муваққатан дар қаламрави якдигар бо кор таъмин мешаванд, тасвиб кард. Дар ин бора хабаргузории BelTa иттилоъ додааст. Созишнома дар бораи таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, 28 -уми октябри соли 2011 дар ҷараёни сафари расмии раиси ҷуҳмури Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон имзо шуд. Ин санад ба ҳарду кишвар имкон медиҳад, ки фаъолиятҳои худро дар заминаи таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор ҳамоҳанг кунанд.Созиши номбурда вуруди шаҳрвандон, таъмини онҳо бо ҷойи кор, амнияти иҷтимоӣ ва амнияти кори онҳоро танзим мекунад.
XS
SM
MD
LG