Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар назди вазорат ҷони 6 афсарро рабуд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки як бамгузори интиҳорӣ дар назди даромадгоҳи вазорати корҳои дохилаи ин кишвар дар Кобул худро таркондааст ва дар ин ҳодиса 6 афсари пулис кушта шудаанд. Толибон масъулияти ин таркишро бар уҳда гирифтаанд.

Таркиш дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки рӯзи шанбе дар Афғонистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Вазорати дохила мегӯяд, ки бамгузори интиҳорӣ дар тан либоси низомӣ доштааст ва ба дарвозаи аслии вурудӣ наздик шуда худро таркондааст. Толибон эълон кардаанд, ки интихоботи 5 апрели раёсати ҷумҳурӣ ва интихоботи Шӯроҳои вилоятиро ба ҳам мезананд.

Гузашта аз ин, субҳи рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки афроди мусаллаҳи Толибон 9 нафарро ба қатл расондаанд, ки дар миёни онҳо як нафар номзади интихоботи Шӯрои вилоятӣ низ будааст. Онҳоро дар вилояти Сари Пул рабуда буданд. Вале ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин кушторро бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG