Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Қазоқистон истеъфо дод, Масимов баргашт


Серик Ахметов
Серик Ахметов
Серик Ахметов-нахуствазири Қазоқистон аз мақоми худ истеъфо дод. Вай гуфтааст, ки рӯзи чаҳоршанбе аризаи истеъфояшро ба Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур супурдааст. Вай ба Назарбоев барои чунин бовариаш, ки то ҳол ба вай доштааст, изҳори сипос кардааст.

Ахметов ёдовар шудааст, ки бо истеъфои вай “салоҳияти кобинаи вазирон низ ба поён расидааст”. Вай соли 2012 нахуствазири Қазоқистон таин шуда буд. Дар бораи сабабҳои истеъфои нахуствазир чизе гуфта намешавад.

Нурсултон Назарбоев ба мақоми нахуствазирӣ дубора Карим Масимовро баргардонд. Вай то соли 2012 шаш сол нахуствазир буд ва баъд аз он раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд.
XS
SM
MD
LG