Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Истаравшан "хазина" ёфтаанд


Ҳангоми сохтани як бинои истиқоматӣ дар ҷамоати Қалъаи Минори ноҳияи Истаравшан коргарон як кӯза тангаҳои мисини қадима пайдо кардаанд. Масъулони осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба хабаргузории "Авесто" гуфтаанд, ки ин тангаҳоро барои ташхис ба ҳамин осорхона супурдаанд. Гуфт мешавад, ҳангоми аз зери хок берун овардани ин хазина кӯза шикастааст, вале тангаҳо хеле хуб ҳифз шудаанд. Ҳоло коршиносон бояд маълум кунанд, ки ин тангаҳо кай сикка зада шуд, дар кадом аҳде дар муомилот қарор доштанд? Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, нафароне ки хазина меёбанд, ба чоряки арзиши он ҳақ доранд. Манбаи "Авесто" гууфтааст, "баъди муайян шудани қимати аслии тангаҳо ба коргарони сохтмон, ки ин хазинаро ёфтанд, ҷуброни лозима дода хоҳад шуд."
XS
SM
MD
LG