Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бридлав: Русия дар 5 рӯз метавонад Украинаро бигирад


Филип Бридлав-фармондеҳи кулли нируҳои НАТО дар Аврупо

Филип Бридлав-фармондеҳи кулли нируҳои НАТО дар Аврупо

Як фармондеҳи аршади паймони НАТО гуфтааст, Русия дар марз бо Украина ҳамаи нируҳои заруриро дорад, агар бихоҳад ба Украина “ҳамла” кунад. Генерали нируҳои ҳавоии Амрико Филип Бридлав-фармондеҳи кулли нируҳои НАТО дар Аврупо мегӯяд, Русия метавонад дар зарфи аз 3 то 5 рӯз ба ин ҳадафи худ бирасад.

Вай дар ин бора бо хабаргузории Ройтерз ва рӯзномаи "The Wall Street Journal" мусоҳиба анҷом додааст ва вазъ дар марзи Украинаро “хеле нигаронкунанда” арзёбӣ кардааст. Вай гуфтааст, ки НАТО нишонаҳои ҳаракати шабонаи нируҳои Русия ба сӯи марзро дар гурӯҳҳои хурд-хурд мушоҳида кардааст ва ин гурӯҳҳо дубора ба маҳали истиқрори худ барнагаштаанд.

Генерал Бридлав гуфтааст, ки вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои НАТО дар мулоқоте дар Бруссел аз вай хостаанд, ки то 15 апрел нақшаи тақвияти нируҳои пиёданизом, ҳавоӣ ва дарёии НАТО дар Аврупои шарқиро пешкаш кунад.
XS
SM
MD
LG