Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин протокол бо Тоҷикистонро имзо кард


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 2 апрел қонуни федеролӣ дар бораи тасвиби Протоколи иловагӣ ба созишномаи моҳи октябри соли 2013 миёни Русияву Тоҷикистонро имзо кард. Бар асоси ин тағйирот, муҳоҷирони тоҷик метавонанд аз ин ба баъд дар Русия барои муддати то 3 сол иҷозатномаи кор бигиранд. Ин протокол дар моҳи март аз сӯи ҳарду маҷлиси порлумони Русия тавсиб шуда, акнун бо имзои Путин ба иҷро медарояд.
Протоколи иловагӣ ба созишномаи ду кишвар дар масъалаи ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 29 октябри соли 2013 дар Маскав имзо шуда буд.Ин протокол бар иловаи созишнома дар масоили муҳоҷират аст, ки Русияву Тоҷикистон рӯзи 6 феврали соли 2013 дар Маскав имзо кардаанд. Ироаи сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷумла ҳаққи 15 рӯз сукунати бидуни сабти ном дар Русия ва гирифтани муҷаввизи кор барои муддати то 3 сол, аз ҷумлаи гузаштҳое буд, ки Русия ду сол пеш дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомиии 201-умаш дар Тоҷикистон ваъда карда буд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ин гузаштҳоро барои беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ночиз мешуморанд ва мегӯянд, Душанбе бояд аз Маскав ба унвони шарики стратегӣ барои муҳоҷиронаш имтиёзҳои ҷиддитаре, аз ҷумла афви беш аз 72 000 тоҷики ихроҷшударо талаб кунад.
XS
SM
MD
LG