Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдидҳои ҷавобии Маскав ба иқдомоти Амрико


Александр Лукашевич бо Сергей Лавров
Александр Лукашевич бо Сергей Лавров
Маскав таҳдид кард, ки баъд аз бастани роҳҳои интиқоли сармояҳои сафоратхонаи Русия дар Қазоқистон бар зидди дипломатҳои амрикоӣ даст ба иқдоми ҷавобӣ хоҳад зад. Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Русия тасмими бонки JP Morgan Chase-ро “ғариқобили қабул, ғайриқонунӣ ва бемаънӣ” медонад.

Сафири Русия дар Остона хостааст ҳафтаи ҷорӣ барои пардохти бимаи ширкати “Согаз” маблағе интиқол диҳад, вале бонки JP Morgan Chase интиқоли онро масдуд кардааст. “Согаз” бо бонки “Россия” иртибот дорад ва ин бонк дар феҳристи ширкатҳо ва шахсиятҳое оварда шудааст, ки мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтаанд.

Лукашевич гуфт, ки ин бонк ба ҳукумати Амрико “хидмати хирсона” кардааст ва он ба фаъолияти сафоратхонаи Амрико ва консулгарии Амрико дар Русия пайомадҳо хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG