Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон


Муовини фармондеҳи нирӯҳои таъиноти махсуси Амрико генерал Курт Крайзер рӯзи 1 апрел ба хотири баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар масоили амният аз Тоҷикистон боздид кардааст. Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, ки генерал Курт Крайзер бо сафири Амрико Сюзан Эллиот “масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказӣ(SOCCENT) бо қувваҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. Эшон ва Ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд.” Дар бораи ин ки ин генерали амрикоӣ оё бо мақомоти низомии Тоҷикистон ҳам мулоқот кардааст ё на, гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG