Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи қазияи 200 зоири тоҷик дар Қирғизистон


Додситонии вилояти Уши Қирғизистон дар асоси даъвои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои сафари Ҳаҷҷ фиреб хурдаанд тафтишотро оғоз кардааст. Аз рӯи маълумоти додситонии Уш, ки рӯзи 1-уми апрел ба «Вечерний Бишкек» иттилоъ додаанд, ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостаанд тариқи Қирғизистон ба зиёрати Ҳаҷҷ раванд бо ошкор шудани ҳуҷҷатҳои қалбакияшон аз роҳ ба сӯи Хонаи Худо боз дошта шудаанд. Роҳбари гурӯҳи зоирон дар вилояти Уш, як шаҳрванди қирғиз аз шаҳрвандони Тоҷикистон маблағи нақд гирифта, ваъда додааст, ки ба онҳо ҳуҷҷатҳои аслӣ дуруст мекунад, аммо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр кардааст, ки дар роҳ ба зиёрати Ҳаҷҷ дар Туркия ва Арабистони Саудӣ аз ҷониби мақомот боздошт шуда бопас гаштаанд. Айбек Турганбоев, додситони вилояти Уш маблағи умумии зарарро 348 000 доллар гуфта, рӯзи 29-уми март дар асоси даъвои шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи банди «қаллобӣ ба маблағи ниҳоят калон»-и кодекси ҷиноии Қирғизистон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гуфта мешавад шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳо 2008 ва 2010 ба доми фиреби чанд шаҳрванди ин кишвар афтода будаанд ва ҳамакнун додситонии вилояти Ӯш таҳқиқи ин қазияро шуруъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG