Пайвандҳои дастрасӣ

"Гулистон"-и Фирташро давлатӣ карданд (ВИДЕО)


Корхонаи "Гулистон"

Корхонаи "Гулистон"

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи "Гулистон"-ро аз ширкати "Хайрок ҳолдинг ЛТД" гирифт ва ба ихтиёри вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон супурд.

Парвиз Мирзоев - додраси догоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали субҳи 2-уми апрел баъд аз мурофиаи тақрибан нимсоата ҳукм кард, ки корхонаи дӯзандагии «Гулистон» дубора ба ихтиёри давлат супурда шавад. Ҳамин тариқ, додгоҳи иқтисодии пойтахт даъвои Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро дар мавриди ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидани корхонаи «Гулистон» пурра қонеъ гардонд.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъ, ки дар ин мурофеа аз ҳуқуқи Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, ки дар корхонаи «Гулистон» 5 дарсад саҳм доштааст, дифоъ мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Чӣ хеле ки мо «интизор» будем, дар додгоҳ даъвои оҷонсӣ ба пуррагӣ, бекаму кост қонеъ карда шуд. Корхона ба ҳолати пештра бозпас гардонида шуда ба ҳисоби давлат гузашт. Аммо намояндаи ширкати «Хайрок холдинг ЛТД», ки 95 дарсади саҳмияҳои ин корхонаро дар даст дошт, дар ин мурофиа ширкат надошт.»

Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Табаров афзуд, ки ба гуфтаи масъулини додгоҳ, онҳо бо ирсоли огоҳинома ба нишонии ширкати Хайрок дар кишвари Кипр масъулонашро аз рӯзи мурофиа огоҳ кардаанд.
Исҳоқ Табаров ҳукми додгоҳи иқтисодии Душанберо комилан сиёсӣ ва ноодилона хонда гуфт, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд: «Вақте инҳо ин корхонаро харидорӣ карданд, як ҳоли табоҳе дошт. Корхонаро обод карданд, таҷҳизот хариданд бо маблағҳои калон. Мувофиқи талаботи Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ҳангоми хусусигардонӣ дар ин корхона бояд на камтар аз 164 нафар кор мекард. Ҳоло дар ин корхона беш аз 600 нафар кор мекунанд, чанд маротиба бештар аз шарти гузоштаи давлат.»

Ба таъкиди оқои Табаров, дар сурати дубора давлатӣ шудани «Гулистон» ин корхона аз кор боз хоҳад монд, чунки соҳибмулкон таҷҳизоту мошинолоти воридкардаашонро бозпас хоҳанд гирифт ва аз ин корхона чор девори хушк ва 600 коргари бе ҷои кор боқӣ хоҳад монд.

Коршиносон ин ҳукми додгоҳро латма ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва як мавриди мушкилофарин дар роҳи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар медонанд.

Влад Лавров, хабарнигори тадқиқотии нашрияи «Киев пост» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло худи Дмитрий Фирташ, молики ҳолдинги «Хайрок» бинобар даъвоҳои додгоҳӣ нисбати ширкатҳояш дар Австрия ва Амрико дар вазъи ногуворе қарор дорад ва аз ин рӯ тамоми таваҷҷӯҳаш ба он банд аст ва вақте барои андешидан ба ширкатҳояш дар Тоҷикистон надорад: «Аммо ин маънои онро надорад, ки вай дубора ба масъалаи моликияташ ба Тоҷикистон рӯ намеорад. Ба назарам, дар додгоҳҳои байналмилалӣ он ҳукми шубҳабарангезе, ки додгоҳи Тоҷикистон содир кард, хеле ба осонӣ метавонад бекор шавад. Онҳо барои моликияташон дар Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд. Чунки Фирташ маблағи кофие дорад, ки ҳуқуқдонҳоро барои ин масъала киро кунад. Сӯиистифодаи мақомоти Тоҷикистон аз вазъи феълан ногувори Фирташ амали хирадмандонае набуд.»
Дмитрий Фирташ

Дмитрий Фирташ

Зимнан «Гулистон» ягона корхонае нест, ки ҷаноби Фирташ дар Тоҷикистон дорад. Корхонаи «Абрешими Хуҷанд» ва 75 дарсади «Тоҷиказот» моли Фирташ аст ва дар мавриди ғайриқонунӣ хуусусӣ гардонда шудани ин корхонаҳо низ Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурдааст. Аммо «ғайриқонунӣ» хусусӣ шудани корхонаҳои Фирташро Оҷонсии коррупсия баъд аз бештар аз 10 сол, танҳо замоне мушоҳида кард, ки Зайд Саидов, коршарики Фирташ дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд.

Дмитрий Фирташ дар оғози солҳои 2000 як муддат ба таври фаъолона ба бозори Тоҷикистон низ пой гузошт ва дар соли 2002 “Тоҷиказот” - бузургтарин корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ, воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ва соле баъд корхонаи дӯзандагии “Гулистон” дар маркази Душанбе ва корхонаи “Абрешими Хуҷанд” дар маркази вилояти Суғдро хусусӣ гардонд. Аммо тиҷоратҳои Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. “Тоҷиказот” ба далели қатъ шудани воридоти гази Узбакистон ҳанӯз дар соли 2008 аз кор монд ва умури “Гулистон”-ро ҳам ӯ дар солҳои охир ба наздикони Зайд Саидов супурда буд, ки гардонаш кунанд. Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон, моҳи декабр бо ҷароиме, чун таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ришваситониву сӯиистифода аз мақом, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG