Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Равшан» имрӯз дар Урдун бо «Зат Рас» қувва меозмояд


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб имрӯз, 2-юми апрел, бо тими "Зат Рас"-и Урдун бозӣ мекунад.

Бозии даври чоруми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва «Зат Рас», барандаи Ҷоми Урдун-2013, дар Варзишгоҳи байналмилалии пойтахти Урдун - шаҳри Уммон соати 19 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 18-уми март дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, “Равшан” аз "Зат Рас” бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрда буд.

Бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Сафо»-и Лубнон ва «Ал Сувайқ”-и Умон имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Бейрут соати 19 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»
ҶДастаҳоБҒМБТИ
1«Сафо»33004-19
2«Зат Рас»32014-36
3 «Ал Сувайқ»31023-33
4«Равшан»30034-80

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун) -2-3
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон) - 0-1

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG