Пайвандҳои дастрасӣ

Суғд: Парчами 55 метра бо харҷи 3,5 млн сомонӣ


Дар вилояти Суғд парчам бо баландии 55 метр рӯзи 2-уми апрел бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барафрохта шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бунёди ин парчампоя ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 600 000 доллар анҷом ёфтааст. Дарозии парчам 12 ва паҳноияш 7 метр будааст. Барафрохтани баландтарин парчам дар вилояти Суғд зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят сурат гирифтааст. Тавре аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ доданд Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба ин вилоят рафт. Барафрохтани баландтарин парчам дар шимоли Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар пойтахти ин кишвар парчами миллӣ бо 165 метр мила, ки баландтарин дар дунё шинохта шудааст, рӯзи 9-уми сентябри соли 2011, барафрохта шуда буд ва дар китоби рекорди Гинес сабт гардид. Сохтмони ин милаи 165 матраро ширкати “Trident Support” ва маблағгузориашро "Талко" ба ӯҳда доштанд. Барои бунёди он 30 миллион доллар харҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG