Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ҳамкориҳоро бо Русия мутаваққиф кард


Паймони НАТО эълом дошт, ки ҳама гуна ҳамкориҳои низомӣ ва мулкиро бо Русия мутаваққиф мекунанд. Ин тасмим рӯзи сешанбе дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар Брюсел ҳамчунин ҳокунинш ба забти Қрим аз сӯи Русия гирифта шуд.

Ҳамзамон вазирон эълом доштанд, ки гуфтушуниди сиёсӣ бо Маскав дар чаҳорчӯби Шӯрои НАТО-Русия идома хоҳад кард.

Аз ин пеш Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли Паймони НАТО, рӯзи 1 апрел гуфт, ягон шаҳодате дар мавриди хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзҳои Украина зери даст нест. Ӯ қабл аз баҳси масъалаи Украина дар нишасти Брюссел гуфт, ки мутаассифона, ман тасдиқ карда наметавонам, ки Русия нерӯҳояшро берун кашида истодааст”. Дабири кулли НАТО ҳамчунин гуфт, ки "таҷовузи Русия алайҳи Украина ... манзараи амниятии Аврупоро ба сурати бунёдӣ иваз карда, бесуботиро то ба лаби марзҳои НАТО меорад".
XS
SM
MD
LG