Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пойтахти Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон – Нанҷинги Чин – семинари сафирони ҷавон баргузор шуд.

Дар ин семинари якҳафтаина, ки 28-уми март ба анҷом расид, намояндагони беш аз 100 Кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ширкат карданд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Носир Бозоров, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, «ин чорабинӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардани сафирони наврас бо таърихи Нанҷинг, нишон додани муҳите, ки дар шаҳр ҳукмфармост, сурат гирифт. Ба ширкаткунандагони семинар барномаи рангини фарҳангӣ ва маърифатӣ пешкаш шуд. Онҳо дар бораи бозиҳои дар пеш истода, мураббиёну варзишгароне, ки ба Бозиҳои олимпии наврасон омадан омодагӣ мебинанд, ҳарчи бештар маълумот гирифтанд. Аз рӯи нақшаи ташкилкунандагон, онҳо кӯшиш карданд ба сафирон ҳамаи он чизеро, ки меҳмонону иштирокдорони Бозиҳоро интизоранд, намоиш бидиҳанд ва онҳо ҳангоми бозгашт ба хона дар кишварҳои худ дар бораи воқеоти Нанҷинг нақл кунанд.»

Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш, ба мисли бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ, тирандозӣ, варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, камонварӣ ва ғайра барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон талош доранд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал (Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг – медали нуқра ва Шукрона Шарифова,таэквон-до ВТФ, вазни то 44 кг – медали биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG