Пайвандҳои дастрасӣ

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи XXXI байналмилалӣ ба хотираи Феликс Штамм, мураббии варзидаи бокс, дар Варшава ширкат хоҳад кард.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар пойтахти Лаҳистон аз 8-ум то 13-уми апрел баргузор мешавад. Мирзо Шамсиев, мураббии маъруфи бокс, рӯзи 1-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, шогирдаш Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг рақобат хоҳад кард.

Ҷаноби Шамсиев иброз дошт, ки мутаассифона, шогирди дигараш – Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 , – ба ин мусобиқа роҳ дода нашуд. Вай афзуд, «мо барои иштироки ҳарду шогирдам пешакӣ дархост дода будем. Вале дар номае, ки аз номи ташкилкунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ гирифтем, гуфта мешавад, ки дар сабқати занон дар вазни то 60 кг ҳамаи 16 ҷой пур шудааст. Бинобар ин Мавзуна дар ин мусобиқа иштирок намекунад. Бояд гуфт, ки мо барои ширкат дар ин мусобиқа барои аввалин бор дархост додем. Ва аммо, пеш аз ҳама онҳое, ки ҳамасола дар ин мусобиқа иштирок мекунанд, роҳ дода мешаванд. Инчунин ин мусобиқа барои муштзанҳои аврупоӣ қабл аз чемпионати қитъавӣ як давраи санҷишист, бинобар ин барои иштирок дар ин мусобиқа бештар варзишгарони кишварҳои ин қора роҳ дода мешаванд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Шамсиев шогирдонаш – Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов - дар қаҳрамонии Осиё, ки моҳҳои май-июн баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Вале то ҳоло макони баргузории ин мусобиқаи қитъавӣ маълум нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG