Пайвандҳои дастрасӣ

Верховная Рада хостори халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шуд


Парлумони Украина рӯзи сешанбе, 1 апрел, дар бораи халъи силоҳи ҳама гурӯҳҳои эътирозгар дар кишвар тасмим гирифт. Аз ин пешниҳод 236 вакили Верховная Рада пуштибонӣ карданд.

Тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки субҳи рӯзи сешанбе миллатгароҳо аз “Правий сектор” силоҳ ба замин гузоштанд ва меҳмонсарои “Днепр” дар маркази Киевро тарк намуданд. Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина дар саҳифаи худ дар Facebook навишт, радикалҳо, ки ин меҳмонсароро ба қароргоҳи худ табдил дода буданд, зери назорати кормандони ҳифзи тартибот ба автобусҳо савор шуда ба як пойгоҳашон дар канори Киев баргаштанд.

Шаби гузашта баъди тирандозӣ аз сӯи як узви “Правий сектор” дар маркази Киев ва ҷароҳат бардоштани се кас, кормандони милиса ва дастаҳои худдифоъи Майдон меҳмонхонаи “Днепр”-ро муҳосира карданд. Ба гуфтаи табибон, вазъи як тан аз маҷрӯҳон вазнин аст. Аз ин пеш хабаргузориҳо навиштанд, ки шахси муҷрим дар меҳмонсарои “Днепр” боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Масъулини «Правий сектор» гуфтанд, ки тирандозӣ бар асари моҷарои хусусӣ рӯй додааст. Ин гурӯҳи миллатгароҳои радикал дар барканории раисиҷумҳур Виктор Янукович дар охири моҳи феврал саҳми калидӣ дошт ва аммо баъд аз куштори яке аз фаъолонаш Сашко Билий дар моҳи гузашта вориди низоъ бо ҳукумати нави Украина шуд.
XS
SM
MD
LG