Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон - ҳамсоякишвари Тоҷикистон талош дорад, то ки узвият дар Созишномаи минтақаи тиҷорати озоди ИДМ-ро касб кунад.

Охири ҳафтаи гузашта Шӯрои федератсияи Русия барои узвияти Узбакистон дар Созишномаи минтақаи тиҷорати озоди кишварҳои ИДМ ҳимоят кард. Ин дар ҳолест, ки яке аз бандҳои муҳими Созишномаи минтақаи тиҷорати озоди ИДМ ин ҳамлу нақли озод ва бемамонияти молу коло дар қаламрави кишварҳои шомили ин созишнома аст, вале Узбакистон солҳост дар интиқоли молу коло ба Тоҷикистон монеа эҷод мекунад.

Ба ҳамин тартиб Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсояи Узабкистон то кунун санадеро дар заминаи узвияти Узбакистон дар созишномаи минтақаи озоди тиҷоратии кишварҳои ИДМ тасвиб накардаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Тоҷикистону Қирғизистон ин амрро ба дарозо мекашанд?

Як манбаи аршад дар ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад рӯзи 31-уми март дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, агар Тоҷикистон ин созишномаро ба тасвиб ҳам расонад, ин маънои онро надорад, ки молу маҳсулоти кишвар бидуни монеа, роҳат аз қаламрави Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад. Чун ба таъкиди ин манбаъ Тоҷикистон борҳо шоҳиди он шудааст, ки Узбакистон санадҳои байнидавлатиро аз ҷумла дар мавриди транзити озоди молу маҳсулот аз қаламраваш ба кишвари дигар пушти по зада молу колоҳои Тоҷикистонро борҳо дар сарҳадаш боздоштааст.

Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин афзуд, ки чунин созишномаҳои байналмилалӣ муқаррароти умумиро таъин кардаанд, вале санадҳои зерқонуние, ки механизми иҷрои онро танзим мекунад, қабул нашудааст. Аз ин рӯ ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, дар сурати аз сӯи як кишвар нақз шудани муқаррароти ин гуна созишномаҳо, кишварҳои дигар имкони шикоят бурдан ба додгоҳҳои байналмилалиро надоранд.

Зимнан ба таъкиди коршиносони умур, таъхири Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ба тасвиб расонидани Созишномаи минтақаи тиҷорати озоди кишварҳои ИДМ низ аз дилсардии ин ду кишвар ҷиҳати иҷрои муқаррароти он аз сӯи ҳама кишварҳои узви он гувоҳӣ медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон сабаби аслии то ба ҳол тасвиб нашудани ин санад аз сӯи Тоҷикистон бештар ба мавонеъ ва садгузориҳои Узбакистон дар қиболи Тоҷикистон дар чанд соли охир аст.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, барои давлати Узбакистон ин гуна созишномаҳо чандон аҳамият надорад ва то замоне, ки назари роҳбарияти ин кишвар дар бораи Тоҷикистон тағйир нахӯрад, молу колои кишвар ҳангоми убури Узбакистон ба мушкил дучор хоҳад омад: «Узбакистон барои эҷоди монеа барои транзити молу маҳсулот ба Тоҷикистон метавонад баҳонаҳои зиёд пеш орад. Масалан мегӯянд, ки роҳ дар таъмир аст ва ё ба таъмир ниёз дорад. Ҳар вақте, ки муносибати бе ин ҳам сарди миёни ду кишвар боз ҳам вайрон шавад, Узбакистон метавонад бо истифода аз ҳар роҳу васила ба транзити маҳсулот ба Тоҷикистон монеа эҷод кунад».

Ин ҳам дар ҳоле, ки аз тахриб шудани қитъаи роҳи оҳани Амузанг- Ғалаба, ки Узбакистонро ба ҷануби Тоҷикистон мепайвандад ду сол пур мешавад. Узбакистон дар соли 2012 роҳи қатори самти Тоҷикистонро баст ва садҳо вагон бору колоҳои ҷониби Тоҷикистон моҳҳо дар қаламраваш дармонданд. Ин ҳама монеагузориҳои Узбакистон ҷиҳати интиқоли молу коло ба Тоҷикистон дар пасманзари азми қавиаш барои сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун сурат гирифт. Ба таъкиди коршиносон, ин ҳама фишорҳои Тошканд болои Душанбе маҳз барои боздоштани Тоҷикистон аз азмаш ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи Роғун сурат гирифтанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG