Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба конфаронс оид ба Украина даъват шуд


Олмон, Фаронса ва Лаҳистон хостори баргузории конфаронси байнулмилалӣ оид ба Украина бо ширкати Русия шуданд.

Вазирони умури хориҷии ин кишварҳо Франк-Валтер Штайнмайер, Лоран Фабиус ва Радослав Сикорский шоми рӯзи душанбе баъд аз мулоқоти сеҷониба дар Веймар изҳоротеро пазируфтанд, ки он гуфта шудааст, “ба хотири намоиши пуштибонӣ аз Украина, ба ҳам овардани нерӯҳои байнулмилалӣ ва баррасии ислоҳоти зарурӣ мо мехоҳем конфаронсе доир шавад, ки ба кӯмаки байнулмилалӣ, ба шумули мусоидати фаннӣ ба Украина баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 25 май мусоидат кунад.

Дар изҳороти вазирони умури хориҷӣ аз Русия ҳам даъват шудааст, ки дар конфаронс ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG