Пайвандҳои дастрасӣ

Пизишкон мегӯянд, ки ҳарромағзи Шаҳбол осеб надидаст


Шаҳбол Мирзоев

Шаҳбол Мирзоев

Томографияи дубораи Шаҳбол дар маркази ташхисии «Нурафзо» нишон додааст, ки гарданаш шикаста аст, вале ба ҳароммағзи ӯ осеб нарасидааст. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол рӯзи 1-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки Маркази ташхисии «Нурафзо», воқеъ дар беморхонаи Қараболои пойтахт вазъи саломатии фарзандаш, хусусан ноҳияи гардани ӯро, ки бар асари латтукӯби сарбозҳо осеб дида буд, ташхис намуда, маълум кардаанд, ки гарданаш шикастааст. Дар ташхиси нахустин маълум набудааст, ки гардани Шаҳбол Мирзоев аслан чи осеб дида буд. Тавре пизишкони Маркази ташхисии «Нурафзо» гуфтаанд, сарфи назар аз ин, ки гардани Шаҳбол шикастааст, вале ба ҳароммағзи ӯ осеб нарасидааст ва танҳо бо шикастани устухони гардан, ҳароммағз осеб дида буд, ки бар асари он аз миён поёни Шаҳбол фалаҷ шуда буд. Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, вақте пойҳои писарашро фишор додааст, ӯ дардро ҳис кардааст ва имкони сиҳатёбии пойҳои Шаҳбол, ки пас аз ҳодисаи маъюбшавии ӯ дар қисми ҳарбӣ беҳаракат будаанд, вуҷуд дорад. Нӯъмон Мирзоев меафзояд, ки натиҷаи ташхиси дубораи ӯро ба Русия ва Олмон фиристодаанд. Шаҳбол Мирзоев рӯзи 8-уми март дар қисми низомие ки хидмат мекард, ба бадрафторӣ аз ҷониби як ҳамхидматаш дучор шуда, дар натиҷа гарданаш шикастааст. Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, ҳарчанд аз қисми низомӣ барои харидани доруҳои фарзандаш ба ӯ кам-кам кӯмак мекунанд, вале барои табобати комили писари ӯ дар як бемористони Олмон 64 400 евро хостаанд, ки ӯ надорад.
XS
SM
MD
LG