Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина боздиди Медведев аз Қримро маҳкум кард


Дмитрий Медведев дар Симферопол
Дмитрий Медведев дар Симферопол
Украина аз боздиди Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия аз Қрим интиқод кард ва онро “нақзи хашини муқаррароти байналмиллалӣ” номид. Евҳен Перебийнис-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Украина рӯзи душанбе дар Киев ба рӯзноманигорон гуфт, ки кишвараш ба Русия ёддошти эътирозӣ фиристодааст ва дар он “эътирози шадиди худ”-ро дар бораи боздиди Медведев аз Симферопол изҳор доштааст. Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина низ вокуниши худро ба ин боздид чунин баён дошт:

“Ҷанобон Лавров, Путин ва Медведев ҳар тарҳеро, ки доранд, метавонанд барои Русия пешниҳод кунанд. Дар Украина ҳукумат ҳаст, порламон ҳаст ва мардуме ҳастанд, ки барои сарнавишти ояндаи худ тасмим мегиранд”.

Рӯзи душанбе Медведев дар ҷараёни боздид аз Симферопол гуфт, ки Маскав ин минтақа, яъне Қримро барои ҷалби сармоягузорон ба қаламрави вижаи иқтисодии худ табдил хоҳад дод.

Баъд аз тасарруфи Қрим тавассути Русия сафари Медведев аввалин сафари расмии раҳбари баландпояи Русия ба Қрим мебошад. Боздиди вай дар ҳоле анҷом мегирад, ки чанд соат пеш аз он Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ-вазирони корҳои хориҷаи Русия ва Амрико дар Пориси Фаронса мулоқот анҷом доданд ва дар ин мулоқот бӯҳрони Украинаро баррасӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG