Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар майдони марказӣ тазоҳурот як моҳ мамнуъ эълон шуд


Як додгоҳи Бишкек баргузории ҳар гуна раҳпаймоӣ дар майдони марказии ин шаҳрро то 1 май мамнуъ эълон кард. Биноҳои порламон ва ҳукумати кишвар дар ин майдон ҷой гирифтаанд.

Додгоҳи ноҳияи Биринчи Май рӯзи душанбе эълон кард, ки ҳамаи ҳамоишҳои иҷтимоӣ бояд дар боғи Горкий баргузор шавад. Додгоҳ мегӯяд, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки мақомоти раҳбарии ноҳияи Биринчӣ Май аз додгоҳ хостаанд, ки дар остонаи чаҳорсолагии тазоҳуроти эътирозии моҳи апрели сол 2010, ки президент Қурмонбек Боқиевро сарнагун карда буд, баргузории эътирозу раҳпаймоиҳоро мамнуъ эълон кунад.

Баъзе аз гурӯҳҳои мухолифон эълон кардаанд, ки ин ҳафта дар майдони марказӣ раҳпаймоиҳоо анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG