Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Русия аз Қрим боздид мекунад


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия аввалин мақоми баландпояи Русия аст, ки баъд аз забти Қрими Украина тавассути Русия аз Қрим боздид мекунад. Медведев дар сафҳаи Twitter-и худ рӯзи душанбе навиштааст, ки вай дар Симферопол қарор дорад ва “имрӯз ҳукумат вазъият дар Қримро баррасӣ мекунад”.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки Медведев дар садри як ҳайати ҳукуматӣ вориди Қрим шудааст ва дар ин ҳайат вазирон ва муовинони нахуствазир низ ҳастанд. Ин ҳайат дар Симферопол вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ мекунад.

Пайвастани Қрим ба Русияро маҳофили байналмиллалӣ эътироф накардаанд. Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Русия рӯзи якшанбе дар Порис бо ҳам чаҳор соат мулоқот доштанд ва бӯҳрони Украинаро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG