Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия квота барои муҳоҷирон барҳам мехӯрад


Кумиссиюни ҳукуматии Русия роҷеъ ба массъалаҳои муҳоҷират дар ҷаласаи худ, ки зери раёсати Игор Шувалов-муовини аввали нахуствазири ин кишвар баргузор шуд, ҳадди нисоб ё квотаро барои муҳоҷирони корӣ бекор кард. Дар ин ҷаласа ислоҳот дар қонуни кишвар ба тасвиб расидааст ва акнун муҳоҷири корӣ метавонад бо пардохти патент ба кор ҷалб шавад.

Акнун ширкатҳову созмонҳо ва соҳибкорони алоҳида метавонанд муҳоҷирони кориро бо патент ба кор бигиранд. То ҳол муҳоҷир барои кор фақат дар назди шахсони алоҳида метавонист патент бигирад.

Акнун патент аз як моҳ то се моҳ дода мешавад ва он метавонад то як сол тамдид шавад. Нархи патент барои як моҳ мумкин аст аз як ҳазор то якуним ҳазор рубл муқаррар шавад.
XS
SM
MD
LG