Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули дархост барои номзадӣ ба поён расид


Виталий Кличко ва Петр Порошенко
Виталий Кличко ва Петр Порошенко
Дар Украина қабули дархостҳо барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба поён расид. Барои ширкат дар интихобот 40 нафар дархост пешниҳод карданд, вале дархости баъзе аз онҳо пазируфта нашуд, зеро аснодашон нодуруст буд.

24 нафар ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маблағи заруриро пешниҳод кардаанд. То ҳол 7 нафари онҳо чун номзад сабти ном шудаанд. Феҳристи ниҳоии номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ 4 апрел эълон мешавад.

Натиҷаҳои назархоҳии ахир нишон медиҳад, ки Пётр Порошенко-соҳибкор ва намояндаи порламон бештар аз ҳар номзади дигар эътибор дорад. Виталий Кличко-раҳбари ҳизби “Удар” пешниҳод кард, ки аз Порошенко чун номзади ягона дар интихбот ҷонибдорӣ кунанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 25 май баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG