Пайвандҳои дастрасӣ

Мушарраф расман муттаҳам эълон шуд


Парвиз Мушарраф

Парвиз Мушарраф

Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешини Покистон ба таври расмӣ барои хиёнат маҳкум шуд. Рӯзи душанбе дар мурофиа Мушарраф иттиҳомоти задди худро аз рӯи панҷ моддае, ки вайро муттаҳам мекунанд, эътироф намекунад. Дар ин бора айбномаи вай дар мурофиаи вижаи низомӣ дар Исломобод қироат шуд.

Се нафар аз аъзои додгоҳи низомӣ дастур доданд, ки агар Мушарраф ба мурофиа ҳозир нашавад, вайро боздошт кунанд. Дастури боздошти вай дар ҳоле содир шуд, ки Мушарраф моҳи декабри соли гузашта то ҳол дар чанд мурофиа ҳозир нашуд ва бад-ин тариқ мурофиа ба тахир афтод.

Бими он меравад, ки парвандаи хиёнат задухурдҳои миёни ҳукумати ғайринизомӣ ва низомиёни нирумандро таҳрик кунад. Мушарраф барои он муттаҳам мешавад, ки дар соли 2007 дар кишвар вазъи фавқулодда эълон ва қозиёни додгоҳро аз мақом барканор кард .

Мушарраф соли 2008 аз мақом рафт. Соли гузашта вай аз табъид ба Покистон баргашт, то дар интихобот ширкат ҷӯяд, вале билофосила бар зидди вай парванда боз карданд.
XS
SM
MD
LG