Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 28-30-юми март дар шаҳри Самсуни Туркия баргузор шуд, ширкат кард.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз, ки маблағи умумии ҷавоизи он 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, беш аз 350 гуштигир (мардону занон) аз 44 кишвар ширкат варзиданд. Тоҷикистонро танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ кард.

Вай дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Кирил Гроссклаус аз Швейтсария ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Габор Вер (Маҷористон) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гардид. Дар ин вазн, ки 31 нафар иштирок дошт, Века Гвинашвили аз Гурҷистон ғолиб шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа
Мардон

60 кг
1. МУДРАНОВ Беслан (Русия)
2. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистонн)
3. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. РЭЙМОНД Эдриен (Фаронса)

66 кг
1. ЛАРОС Давид (Фаронса)
2. КОРВАЛ Люк (Фаронса)
3. ЧИБАНА Чарлз (Бразилия)
3. ОАТС Колин (Британияи Кабир)

73 кг
1. ВОЕЛК Кристофер (Олмон)
2. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. УНГВАРИ Миклош (Маҷористон)
3. ВАНЛИОГЛУ Ҳасан (Туркия)

81 кг
1. МАРЕШ Свен (Олмон)
2. ВЕИСТСЕРТСАК Александр (Олмон)
3. ДУМИНИТСА Валериу (Молдова)
3. УНГРВАРИ Аттила (Маҷористон)
90 кг
1. ГВИНАШВИЛИ Века (Гурҷистон)
2. МАРК Одентал (Олмон)
3. МАГОМЕДОВ Магомед (Русия)
3. ИДДИР Александр (Маҷористон)
-100 кг
1. МАРЕТ Кирилл (Фаронса)
2. БИСУЛТАНОВ Адлан (Русия)
3. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)
3. МАҲҶОБ Ҷавод (Эрон)
+100 кг
1. ПАШКЕВИЧУС Мариус (Литва)
2. ОКРУАШВИЛИ Адам (Гурҷистон)
3. МАТИАШВИЛИ Левани (Гурҷистон)
3. БОНДАРЕНКО Станислав (Украина)

Дарвоқеъ, ин чорумин мусобиқаи байналмилалӣ буд, ки Комроншоҳ имсол ширкат кардааст. Ёдовар мешавем, вай имсол дар нахуст дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи “Тоскулоҳи бузург”дар шаҳри Пориси Фаронса ширкат варзида, дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Кю Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.

Баъдан Комроншоҳ дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо байни мардон дар шаҳри Оберварти Австрия иштирок кард. Вай дар нахустин қувваозмоияш бар Арчи Волфман аз Исроил ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Такеши Сугаҳара (Ҷопон) мағлуб шуд.

Сипас Комроншоҳ дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо байни мардон дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех мақоми панҷумро касб карда буд. Дар ин мусобиқа 255 варзишгар аз 40 кишвар ширкат доштанд. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар нахустин қувваозмоияш бар Александр Мармелюк аз Эстония ғолиб омада, баъдан бар Айбол Айтбеки қазоқ пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Милан Радл аз Словакия шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ бар Петер Палчик аз Исроил дастболо шуд ва аммо барои ҷойи севум қувваозмоиро ба Кристиан Тот аз Маҷористон бохт ва дар натиҷа аз медали биринҷӣ бенасиб монд.

Ба гуфтаи Комроншоҳ, паҳлавони ҷавони тоҷик дар ин чор мусобиқаи пурнуфуз таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кард, ки ба ӯ дар мусобиқоти минбаъда ба кор хоҳад омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG