Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар мунтахаби легионерҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар бо ҳисоби 4-1 ғалаба кард.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби миллии Тоҷикистон шоми якшанбеи 30-юми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 28-ум Даврон Мирзоев, легионери «Истиқлол»-и Душанбе аз Узбакистон, боз кард. Вале баъди 6 дақиқа Фарҳод Тоҳиров тӯбро ба дарвозаи легионерҳо зада, ҳисобро баробар намуд. Як дақиқа пеш аз анҷоми нимаи авали бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев тӯби дуюмро ба дарвозаи мунтахаби легионерҳо ворид кард. Голи севуми мунтахаби кишварро Фарҳод Тоҳиров дар оғози нимаи дувум ба ҳадаф расонд. Ниҳоят, голи охирин ва севуми тими миллиро Ҷаҳонгир Эргашев дар замони изофӣ зад.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаҳои 65-ум ва 83-юм Бенҷамин Авуко и Чарлз Теко, легионерҳои африқоӣ аз Гана, кортҳои сурх гирифта, аз майдон хориҷ шуданд. Ҳарду дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозӣ мекунанд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «бозии санҷишӣ бо мунтахаби легионерҳо барои тими миллии кишвар як давраи омодагиҳо ба бозиҳои дӯстонаи байналмилалӣ маҳсуб мешуд. Мо барои гузаронидани бозиҳои байналмилалии дӯстона бо тимҳои мунтахаби Афғонистон (4-уми май дар Душанбе), Эстония (7-уми июн дар Таллинн) ва Беларус (4-уми сентябр дар Минск) ба мувофиқа расидем. Ба ғайр аз ин, мо барои баргузор кардани бозиҳои байналмилалии дӯстона бо тимҳои мунтахаби Малайзия, Арманистон ва Чин гуфтушунид дорем».

Бозии санҷишӣ
Мунтахаби Тоҷикистон - Мунтахаби легионерҳои Тоҷикистон – 4-1

Голҳо: Даврон Мирзаев, 28 (0:1). Фарҳод Тоҳиров, 34 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 44 (2:1). Фарҳод Тоҳиров, 46 (3:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 90+3 (4:1).

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ризоев (Алишер Додов, 46), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов (Идибек Ҳабибуллоев, 70), Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов (Иброҳим Рабимов, 46), Хуршед Маҳмудов (Амирбек Ҷӯрабоев, 68), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 74), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Бахтиёр Ҳасанов, 58), Фарҳод Тоҳиров (Ҷаҳонгир Эргашев, 54), Дилшод Восиев (Ромиш Ҷалилов, 64).
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Мунтахаби легионерҳои Тоҷикистон: Никола Стошич (Силванус Эванс, 46), Глаубер Да Силва (Феликс Асам, 59), Бенҷамин Авуко, Уилям Гян (Бенҷамин Аманква, 46), Содиқ Мӯсо, Виллер Соуза Оливейра, Бебей Кингли Поул (Ричмонд Аҷей, 75), Феликс Бафое (Айдох Наполеон, 46), Менсаҳ Даниэл Абан, Соломон Течи, Даврон Мирзоев (Чарлз Теко, 46).

Мураббиёни даста: Ҳикмат Фузайлов ва Рустам Хоҷаев.
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Фатҳулло Фатҳуллоев (мунтахаби Тоҷикистон), Виллер Соуза Оливейра, Менсаҳ Даниэл Абан, Айдох Наполеон (мунтахаби легионерҳои Тоҷикистон).
Аз майдон хориҷ шуданд: Бенҷамин Авуко, 65 – корти 2-юми зард, Чарлз Теко (ҳарду аз мунтахаби легионерҳо), 83 – барои рафтори бадқасдона.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

30-юми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3000 тамошогар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG