Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Миср мушаххас шуд


Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ

Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ

Интихоботи қабл аз вақти раёсатҷуvҳурии Миср рӯзҳои 26 ва 27 май баргузор мешавад. Комиссюни Марказии интихоботии Миср рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар сурати пирӯз нашудани ягон номзад дар даври аввал, рӯзи 26 июн даври дуввуми интихобот доир карда хоҳад шуд.

Вазири дифоъ ва саноати низомии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба хотири ширкат дар ин маърака чанд рӯз пеш аз мақомаш истеъфо дод. Ширткати ӯ боиси эътирози
ҷонибдорони созмони мамнӯъшудаи "Ихвон-ул-муслимин" шуд, ки Ас-Сисиро аз афроди калидӣ дар барканории раисиҷумҳури пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ аз мақомаш дар моҳи июли соли гузашта мехонанд.
XS
SM
MD
LG