Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров ва Керрӣ дар Порис бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА ва ҳамтои русаш Сергей Лавров рӯзи якшанбе, 30 март, дар Порис бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд.

Ҷон Керрӣ дирӯз ғайриинтизор тасмим гирифт, ки барои музокирот оид ба Украина дар Аврупо бимонад. Баъд аз хатми дидору гуфтугӯҳо дар Арабистони Саудӣ, Ҷон Керрӣ, ки раисиҷумҳур Барак Обамаро дар сафараш ба Аврупо ва Ховари Миёна ҳамроҳӣ мекард, бояд ба Вошингтон бармегашт, аммо рӯзи шанбе ҳангоми таваққуф дар Ирландия масирашро тайғир дод ва вориди Фаронса шуд.

Рӯзи шанбе Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони “Россия” изҳор намуд, ки Маскав нияти ба қаламрави Украина фиристодани нерӯҳои низомияшро надорад. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки Русия омода аст бо ҳар роҳу васила аз ҳуқуқҳои русҳо ва русзабонҳо дар Украина ҳимоят кунад.
XS
SM
MD
LG