Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ 14 кас қурбони хушунатҳои мазҳабӣ шуданд


Дар манотиқи суннинишини Ироқ бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дасти кам 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи якшанбе, 30 март, дар вилояти Анбор як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро мунфаҷир кард, ки боиси ҳалокати дасти кам 5 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳафт нафари дигар шуд. Дар ин ҳамла ба яке купрукҳои асосии шаҳори Ромадӣ осеби ҷиддӣ расидааст. Дар шаҳри Тикрит, воқеъ дар шимоли Бағдод, рӯзи якшанбе бар асари таркиши мошин аз бомби сарироҳӣ ду корманди полис ҷон бохт. Аз ин пештар афроди мусаллаҳ ба як постгоҳи канори шаҳри Мосул ҳамла карда, ҳафт низомиро ба қатл расониданд.

Ба иттилои хабаргузории France-Presse, моҳи март бар асари хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ тақрибан 500 кас ба ҳалокат расиданд. Аз аввали сол дар кишвар тақрибан 2200 нафар қурбони ҳамлаҳову амалҳои террористӣ шуданд.

Қарор аст, ки рӯзи 30 апрел дар Ироқ интихоботи парлумонӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG