Пайвандҳои дастрасӣ

Андрей Киска дар курсии президенти Словакия менишинад


Андрей Киска

Андрей Киска

Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Словакия, бар пояи иттилоъи пешакӣ, соҳибкор Андрей Киска пирӯз шуд. Рақиби ӯ - нахуствазир Роберт Фитсо аллакай бохти худро эътироф кард. Ба иттилои расмӣ, Киска тақрибан 60 дар сади раъйҳоро соҳиб шуд, аз Фитсо – камтар аз 40 дар сад афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ Андрей Киска норозигии мардуми Словакия аз нерӯҳои асосии сиёсӣ бар асари чанд моҷарои марбут ба фасод ва сатҳи болои бекорӣ дар кишварро устокорона истифода бурд. Ба Фитсо ҳатто пуштибонии сиёсатмадорои маъруфи аврупоӣ, аз ҷумла, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд, мадад накард.

Пирӯзии комили ҳизби сотсиал-демократи Фитсо дар интихоботи парлумонии ду соли пеш ба нахуствазир имкон дод, ки ҳукумати иборат аз як ҳизбро таъсис кунад.

Қарор аст, ки Андрей Киска рӯзи 15 июн дар курсии раисиҷумҳури Словакия нишинад. Ӯ дар ин мақом сиёсатмадори чапгаро Иван Гашпаровичро иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG