Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди ярч 30 сокини шаҳри Осо беномунишонанд


Бар асари ярч дар канори шаҳри Осои аёлати Вошингтони ИМА 30 нафар беномунишон шудаанд. Дар ин бора рӯзи якшанбе мақомоти маҳаллӣ хабар доданд. Ду рӯз пеш онҳо теъдоди бенишоншудаҳоро 90 нафар гуфта буданд.

Офати табиӣ, ки дар наздикиҳои шаҳри Осо, воқеъ дар 90 километрии шимоли шаҳри Сиэтл, рӯзи 22 март рӯй дод, тақрибан 30 манзилро пурра хароб ва роҳҳо сӯи шаҳри Даррингтонро валангор кард.

Наҷотбахшон аз зери ярч ҷасади 18 нафарро берун оварданд. Боронҳои паёпай кори гурӯҳҳои наҷотбахширо мушкилтар кардаанд.
XS
SM
MD
LG