Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия интихоботи маҳаллӣ мегузарад


Дар Туркия рӯзи якшанбе, 30 март, интихоботи маҳаллӣ мегузарад, ки чун санҷиши эътимод ба ҳизби ҳукмрони Адолат ва Рушди нахуствазири Раҷаб Тайиб Эрдуғон арзёбӣ мешавад. Тақрибан 52 миллион афроди соҳиби ҳаққи раъй бояд мирҳои шаҳрҳо ва дигар мансабдорони аршади маҳаллиро интихоб кунанд. Шаш ҳизби бузурги кишвар, аз ҷумла, ҳизби Ҷумҳуриявии мардумӣ - ҳизби мухолифи ҳукумат, номзадҳои худро пешбарӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ба нуфузи Эрдуғон ва атрофиёнаш чанд моҷарои марбут ба фасод таъсир гузоштааст. Дар интернет сабтҳои садоие пайдо шуданд, ки даст доштани мансабдорони аршади ҳукумат ба ҷиноёте чун сӯиистифода аз мансаб ишора мекунанд. Дар арафаи интихобот дастрасӣ ба сомонаҳои маъруф Twitter ва YouTube номумкин шуд. Аъмоли мақомоти Туркия мавриди интиқоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG