Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 кас дар бархӯрди полиси Миср ва "Ихвон-ул-муслимин"


Бар асари бархӯрд миёни ҷонибдорони созмони мамнӯъшудаи "Ихвон-ул- муслимин" ва кормандони полис дар Қоҳира, пойтахти Мир, дасти кам 3 нафар ба ҳалокат расиданд. Бар пояи хабарҳо, яке аз қурбониён хабарнигорхонуме буд, ки намоиши эътирозиро инъикос мекард.

Тазоҳургарон ба нишони эътироз алайҳи тасмими фелдмаршал ва вазири пешини дифоъ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои ширкат дар интихоботи президентӣ ҷамъ омадаанд. Ас-Сисӣ, ки аз афроди калидӣ дар барканории раисиҷумҳури пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ аз мақомаш дар моҳи июли соли гузашта маҳсуб мешавад, ахиран хизмати низомиро тарк намуд ва гуфт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG