Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ масири сафарашро тағйир дод


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ғайриинтизор тасмим гирифт, ки барои музокирот оид ба Украина дар Аврупо бимонад. Баъд аз хатми дидору гуфтугӯҳо дар Арабистони Саудӣ, Ҷон Керрӣ, ки раисиҷумҳур Барак Обамаро дар сафараш ба аврупо ва Ховари Миёна ҳамроҳӣ мекард, бояд ба Вошингтон бармегашт, аммо рӯзи шанбе, 29 март, ҳангоми таваққуф дар Ирландия ӯ масирашро тайғир дод ва вориди Фаронса шуд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА Ҷен Псакӣ хабар дод, ки Ҷон Керрӣ умедвор аст рӯзи душанбе бо ҳамтои русаш Сергей Лавров мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG