Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кличко ба мақоми президентӣ Порошенкоро пешбарӣ кард


Виталий Кличко ва Петро Порошенко

Виталий Кличко ва Петро Порошенко

Виталий Кличко, раҳбари ҳизби "УДАР", аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина худдорӣ кард ва пешниҳод намуд, ки нерӯҳои демократӣ ба ин мақом узви парлумон ва сармоядор Петро Порошенкоро чун номзади ягона пешбарӣ кунанд. Дар анҷумани ҳизб дар Киев, ки рӯзи шанбе, 29 март, баргузор шуд, Клико гуфт, худи ӯ довталаби мақоми мири пойтахти Украина аст.

Рӯзи шанбе дар Киев анҷумани ҳизби "Баткившина" ҳам баргузор гардид ва тавре инти зор мерафт, вакилон нахуствазири пешин Юлия Тимошенкоро ба мақоми президентӣ пешбарӣ карданд..

Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина рӯзи 25 май баргузор мешавад. Ба навиштаи расонаҳои чопи Киев, аллакай 15 довталаб ҳуҷҷатҳои худро ба Комиссиюни Марказии интихоботӣ пешниҳод кардаанд. Панҷ нафар сабти ном шудаанд. Мӯҳлати пешниҳоди аснод барои сабти номи номзадҳо нимашаби 30 март поён меёбад.
XS
SM
MD
LG