Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани тоторҳои Қрим худмухториро баррасӣ мекунад


Тоторҳои Қрим мухолифи пайвастани нимҷазира бо Русия буданд

Тоторҳои Қрим мухолифи пайвастани нимҷазира бо Русия буданд

Дар шаҳри Боғчасаройи нимҷазираи Қрим рӯзи шанбе, 29 март, нишасти ғайринавбатии Қурултой ё Анҷумани тоторҳои қримӣ ифтитоҳ шуд. Ба навиштаи рӯзномаи “"Украинская правда", аҳли нишаст тарҳи қарор дар бораи ҳаққи худмуайянсозии тоторҳои Қримро баррасӣ мекунанд.

Раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим Рифъат Чубаров изҳор намуд, ки раванди таъсиси минтақаи мухтори тоторҳо дар қаламрави Қрим шурӯъ шудааст. Қарор аст, ки вакилони Қурултой дар бораи баргузории раъйпурсӣ оид ба мақоми Қрим тасмим бигиранд.

Дар раъйпурсӣ дар Қрим рӯзи 16 март, ба иттилои расмӣ, аксари мардум аз пайвастани нимҷазира ба ҳайати Русия ҷонибдорӣ карданд. Анҷумани тоторҳои Қрим ин раъйпурсиро таҳрим карда буд, аммо иддае аз намояндагони ин қавм дар он ширкат доштанд. Мақомоти Украина гуфтанд, ки раъйдиҳӣ ғайриқонунӣ буд ва Киев ҳеҷ гоҳ мустақилияти Қрим ва пайвастанаш ба Русияро эътироф нахоҳад кард.

Қарор аст, ки аз рӯзи 30 март Қрим ба вақти Маскав гузарад. Бар пояи хабарҳо, рӯзи шанбе расо соати 22 ба вақти маҳаллӣ ва 24 ба вақти Маскав ақрабакҳои соати асосии Симферопол дар майдони истгоҳи роҳи оҳанро ба вақти Маскав тоб медиҳанд.
XS
SM
MD
LG