Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бинои КМИ дар Кобул


Дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба хориҷиён осебе нарасид

Дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба хориҷиён осебе нарасид

Дар канори бинои Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон (КМИ) дар Кобул рӯзи шанбе, 29 март, таркиш ва тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Раиси полиси шаҳр Ҳашмат Станакзай гуфт, ки афроди мусаллаҳ ба як бинои канори комиссиюни интихоботӣ ворид шуданд. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, ки се ё чаҳор нафари мусаллаҳ аз бинои ҳамсоя сӯи бинои КМИ тирандозӣ карданд.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки то интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Рӯзи ҷумъа бар асари ҳамлаи мусаллаҳони “Толибон” ба як меҳмонсарои хурд дар Кобул ду нафар кушта ва чаҳор тан муҳофизон маҷрӯҳ шуданд. Намояндаи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар задухӯрд панҷ нафари ҳамлагар кушта шуданд. Ба хориҷиёне, ки дар меҳмонсаро ҳузур доштанд, осеб нарасидааст. Муовини вазири умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар бино дафтари USAID, як созмони ғайриҳукуматии амрикоӣ, ҷойгир аст.

Аз ин пеш ҷунбиши "Толибон" изҳор карда буд, ки аз баргузории интихоботи раёсатҷуиҳурии Афғонистон ҷилавгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG