Пайвандҳои дастрасӣ

Барзу беҳтарин коргардони театри Қирғизистон эълон шуд


Барзу Абдураззоқов.

Барзу Абдураззоқов.

Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди тоҷики муқими Бишкек аз сӯи вазорати фарҳанги Қирғизистон ва Анҷумани фаъолони театрии он кишвар, беҳтарин коргардони театрӣ дар 5 соли ахир шинохта шудааст.

Сиёвуши Ҷунайдӣ, шоири тоҷики муқими Бишкек ва аз дӯстони Барзу Абдураззоқов дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навиштааст, ки спектакли «Муноҷот» -и Барзу (варианти театрии достони Темур Зулфикоров «Ишқ, Хирад ва Марги Дарвеш») дар яке аз театрҳои Қирғизистон, аз сӯйи вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони (Союз театральных деятелей) театри он кишвар беҳтарин коргардони театрӣ дар зарфи 5 соли ахир шинохта шуд.

Ба навиштаи Сиёвуши Ҷунайдӣ, ин ҷоиза дар таърихи 27-уми март ба ин ҳунарманди машҳури тоҷик муқими пойтахти Қирғизистон, супурда шуд.

Коргардони маъруфи театри тоҷик Барзу Абдураззоқов, баъди бекории тӯлонӣ дар Тоҷикистон дар авохири моҳи январи соли равон барои кор ва иқомати доимӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон рафт. Тавре аҳли хонаводаи коргардон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, мақомоти Қирғизистон Барзу Абдураззоқовро барои кори доимӣ ба ҳайси коргардон ба театри драмавии русии шаҳри Бишкек даъват карда, барояш манзил ҳам ҷудо кардаанд.

Наздикони коргардон он замон гуфта буданд, ки Барзу мехост дар театрҳои Тоҷикистон намоиш ба саҳна гузорад, аммо моҳҳои охир театрҳои Тоҷикистон шартномаҳоеро, ки бо ӯ мебастанд, зуд бекор мекарданд ва масъулон мегуфтанд, ки наметавонанд бо ӯ ҳамкорӣ кунанд. Худи коргардон чунин муносибатро ба мавқеи интиқодиаш нисбат ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва ошкоргӯиҳояш дар робита ба ҳаводиси рӯз рабт дода буд.

Барзу Абдураззоқов аз аввалин нафароне буд, ки баъди сар шудани фишорҳо ба соҳибкори шинохта Зайд Саидов эълон кард, ки алорағми ин ҳама ба гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» мепайвандад. Ҳамчунин Барзу Абдураззоқов боздошт ва маҳкум ба 26 соли зиндон шудани Зайд Саидовро амали сангину бераҳмона хонда буд. Дар маъракаҳои интихоботи президентии соли 2013 Барзу Абдураззоқов ошкоро аз номзади мухолифин Ойниҳол Бобоназарова ҳимоя кард ва интизор мерафт, дар сурати сабти ном шудани Бобоназарова дар ин маъракаи сиёсӣ ба ҳайси шахси боэътимоди ӯ ширкат кунад.

Барзу Абдураззоқов, ки чанд сол аст дар Тоҷикистон ҷои кори доимӣ надорад, қаблан низ тариқи шартнома дар театрҳои кишварҳои дигар ва бештар дар ҷумҳурии Қирғизистон намоишҳо рӯи саҳна меовард. Соли гузашта аз моҳи апрел то моҳи июл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон буд ва ду намоиш, як намоиш дар саҳнаи театри драмаи русӣ ва намоиши дигар дар театри опера ва балети ин шаҳр ба саҳна гузошт, ки ҳарду аз ҷониби театршиносон ва тамошогарони қирғиз баҳои баланд гирифт. Барзу Абдураззоқов барои таҳияи ин намоишҳо, ки якеаш аз рӯи асари Чингиз Айтматов «Қиёмат» буд, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин коргардони сол»-и Қирғизистон шуд.

Ҳамчунин намоиши дигари ӯ «Муҳоҷирон» аз рӯи асари Словемер Мрожек «Намоиши беҳтарини сол» эълон шуд. Намоиши «Муҳоҷирон» дар Тоҷикистон ҳам рӯи саҳна омада буд, аммо барои намоиши он дар саҳнаи театр иҷозат надоданд ва он танҳо чанд дафъа дар толори Маркази фарҳангии «Бохтар» манзури тамошогарон шуда, баъдан намоишаш пурра манъ гардид.

Намоиши дигари ӯ бо номи "Девонагӣ.Соли 93"низ аз сӯи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ шуда буд. Ин асар бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат" буд ва ҳарчанд аз ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронса ҳикоят мекард, мақомоти тоҷик дар он қиёсҳое бо авоили солҳои 90-уми Тоҷикистонро диданд. Танҳо пас аз танқиди зиёда дар матбуот, ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, ин спектаклро намоиш диҳад, вале танҳо чанд маротибаи маъдуд.

Аммо масъулини вазорати фарҳанг ин иддаоро, ки театрҳои Тоҷикистон Барзу Абдураззоқовро ба кор намегиранд, рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо борҳо ба коргардони шинохта кор пешниҳод кардаанд, аммо ӯ рад карда ва гуфтааст, ки фаъолияти озодонаро беҳтар медонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG